Такмили касбият
Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандон дар самти таъмини иҷрои босифати муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» санаи 26 октябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Кумита бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ машғулияти омӯзишии идоравӣ гузаронида шуд. Дар омӯзиши идоравӣ муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии болозикр мавриди муҳокима қарор дода шуда, вобаста ба мавзӯъ музокираҳо ба вуқуъ пайвастанд.