Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии гурӯҳи кории SPECA оид ба масоили гендерӣ ва ҲРУ

27 октябри 2020, сешанбе

         27 октябри соли 2020 вохӯрии маҷозии гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (SPECA) оид ба масоили гендерӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор ҲРУ таҳти унвони “Сиёсати дахлдори гендерӣ баҳри расидан ба ҲРУ-5 дар давраи COVID-19 ва ҳалли масъалаҳои калидӣ дар кишварҳои узви SPECA” баргузор шуд, ки дар он кормандони Кумита иштирок доштанд.
         Баъди суханҳои ифтитоҳии намояндагони Комиссияи иқтисодӣ–иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UN ESCAP) ва Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE), аз ҷониби иштирокдорони вохӯрӣ Раиси Гуруҳи кории SPECA оид ба масоили гендерӣ ва ҲРУ интихоб гардид.
        Дар қисмати асосии вохӯрӣ муҳокимаи маҳдудиятҳо ва чолишҳои гендерӣ, инчунин ташаббусҳои SPECA, ки масъалаҳои гендериро дар бар мегиранд, баргузор гардид. Инчунин имкониятҳои ҳамкории минбаъдаи минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифт, ки дар ин зимна масъалаҳои шарҳи фаъолият дар солҳои 2020-2021 ва муайян кардани ҳамкориҳои минтақавии минбаъда ва ҳамчунин шарҳи авлавиятҳо ва тасдиқи нақшаи корӣ барои солҳои 2021–2020 баррасӣ шуданд. Кумита рӯнамо дар мавзӯи “Сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рушди устувори кишвар”–ро мавриди назари иштирокдорон манзур намуд, ки дар он дар бораи арзёбии вазъи кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаи сиёсӣ ва стратегӣ барои ноил гардидан ба ҲРУ-5, ташаккули қонунгузорӣ, самтҳои асосии фаъолият, чораҳои сиёсии давраи COVID-19, натиҷаҳои мусбии соҳаи соҳибкорӣ, бартарафсозии ақидаҳои манфӣ ва қадамҳои минбаъда барои маҳдудсозии нобаробарии гендерӣ маълумот пешниҳод гардид.

Поделиться в