Вохӯрии судманд дар ноҳияи Файзобод
Тибқи супориши протоколии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода нақшаи чорабиниҳои муштараки кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, санаи 27 октябри соли равон муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода У.Б. дар ноҳияи Файзобод бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳо, муовинони раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, фаъолзанон, раисони маҳаллаҳо бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.