Танзим-баракати зиндагист
Рӯзи 28 октябри соли ҷорӣ дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси Кумита, мудирони шуъба ва бахшҳо, кормандони дастгоҳи марказии Кумита дар мавзӯи “Шарҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим” хониши идоравӣ баргузор гардид.
Муовини якуми Раиси Кумита Ғаффорзода Нигорахон зимни суханронӣ иброз намуданд, ки тоҷикон низ чун дигар миллатҳои мутамаддини ҷаҳон дорои анъанаву суннатҳо ва расму ойинҳои гуногун мебошанд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳои таърих такмилу инкишоф ёфтаанд. Ҳар як санаде, ки қабул мешавад, қабл аз ҳама ба заминаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ асос ёфта, ифодагари шароиту имкониятҳо ва вазъи ҳамон давру замон ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз ҳамин қонунҳое мебошад, ки дар вақти зарурӣ рӯи кор омадааст.
Ҳамзамон, Сафарзода Диловар корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқтаҳои муҳими қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва роҳҳои танзими тӯю маъракаҳо дар давраи коронавирусро шарҳ дод.