Аёдати модарон фарзандонро
Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод мудири бахши кор бо занон ва оила бо як гурӯҳ бонувону модарони фаъоли ноҳия ба аёдати наваскарон ба қисмҳои низомӣ сафар намуда, бо сарбозону афсарон суҳбат оростанд. Модарон зимни суҳбат наваскаронро ба муносибати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданашон табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандию сарфарозӣ ва хизмати содиқона ба сарзамини аҷдодиро таманно карданд.