Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баррасии масъалаҳои гендерӣ

02 ноябри 2020, душанбе

         Омӯзиши навбатии курси омӯзишии  "Мактаби сарварони ҷавон" дар доираи "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022" дар мавзӯи “Сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши зан дар ҷомеа” баргузор гардид. Ёдовар бояд шуд, ки курси омӯзишӣ муддати 6 моҳро фарогир буда,  ҳадафи он тарбияи роҳбарони ҷавон аз ҳисоби донишҷӯдухтарони лаёқатманд ва муаррифии онҳо дар арсаи сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

 

Поделиться в