Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Аёдати аскарон

02 ноябри 2020, душанбе

       Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сардори раёсат ва мудирони  бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва ноҳияи Бохтар бо як гурӯҳ бонувону модарони фаъоли вилоят ба аёдати наваскарон ба қисмҳои низомӣ бо дастархони пуранвои бо меҳри модарӣ ғунгардида сафар намуда, бо сарбозону афсарон суҳбат оростанд. Модарон зимни суҳбат наваскаронро ба хизмати ҳарбии содиқона ва сарбаландона, ҳифзи марзу буми Ватан ҳидоят намуда, ба онҳо сиҳатмандию сарфарозӣ таманно карданд.

 

Поделиться в