Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии судманд дар ноҳияи Рӯдакӣ

03 ноябри 2020, сешанбе

          Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода У.Б. санаи 3 ноябри соли 2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳо, муовинони раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, фаъолзанон, раисони маҳаллаҳо бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
         Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи мубрами ҷомеа, аз қабили  пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғону наврасон, занону бонувон, даст ба худкушӣ задан, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, шабгардиҳои беасоси духтарон, вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо изҳори нигаронӣ карда шуда, бо мақсади пешгирии онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд. Пас аз анҷоми суҳбат – вохӯрӣ фаъолияти кории шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мавриди санҷиши гурӯҳи кории Кумита қарор дода шуд.

Поделиться в