Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирии роҳи сироят

03 ноябри 2020, сешанбе

           Бо мақсади бартараф намудани бемории сироятии коронавирус COVID-19 аз ҷониби Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар кӯчаву маҳаллаҳои вилоят роҳандозӣ гардид.
          Мавриди тарғибот аз ҷониби сардори Раёсати кор бо занон ва оила даъват ба амал оварда шуд, ки модарони азизу гиромӣ худ ва фарзандонатонро аз бемории сироятии коронавирус эҳтиёт намоед, нагузоред, ки фарзандон ва аҳли хонаводаатон бе ниқоби муҳофизатии тиббӣ ба кӯча, ба ҷойҳои серодам бароянд, гигиенаи санитариро риоя намуда, аз маҳлулҳои антисептикӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва ғайра истифода кунед, чун ҳар кадоме посбони саломатии худу наздиконамон ҳастем.

 

Поделиться в