Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Армуғонҳои сайёҳӣ

04 ноябри 2020, чоршанбе

         Бо мақсади таъмини иҷрои иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани «Соли 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар муассисаи давлатии «Кохи фарҳангии Суғдиён» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, мудирони шуъбаю бахшҳо ва ҳунармандон озмуни шаҳрии «Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон» баргузор гардид.
           Иштирокчиёни озмун маҳсулоти дастии худро аз намуди армуғонҳо, кордҳо, маҳсулоти мўҳрабофӣ, қолинбофӣ, ва рассомӣ ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамон мавриди баҳогузорӣ қарор гирифт.Натиҷаи ҷамъбасти озмун нишон дод, ки занони ҳунарманд Матлуба Ниёзова ҷои якум ва Мавҷуда Ҳакимова ба гирифтани ҷои дуюм сазовор дониста шуда, ғолибон бо дипломҳои дараҷаҳои 1, 2 ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.




Поделиться в