Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия – сарчашмаи бахту саодат

04 ноябри 2020, чоршанбе

      Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 4 ноябри соли 2020 дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занону бонувони олима, занон – намояндагони мақомотҳои қудратӣ, фаъолзанон, собиқадорон, донишҷӯдухтарон конференсияи илмӣ- амалиро таҳти унвони "Конститутсия - сарчашмаи бахту саодат" баргузор намуд.
     Раҳимзода Раъно, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо суханҳои табрикотӣ ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, сипас кормандони прокуратура, суди вилоят, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Бохтар, собиқадорону донишҷӯдухтарон дар мавзӯъҳои мухталиф аз боби моҳияти Конститутсия суханронӣ намуданд.

Поделиться в