Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Мактаби «Зан ва сиёсат» бонувони роҳбарро тайёр менамояд

05 ноябри 2020, панҷшанбе

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машғулиятҳои курси думоҳаи «Зан ва сиёсат» оғоз гардиданд. 
      Курси мазкур дар асоси татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 роҳандозӣ гардида, соли 5 аст, ки таҳти унвони «Духтарони Пешво», «Зан роҳбар», «Зан-сарвар», «Мактаби сарварони ҷавон», «Зан ва сиёсат» доир гардида, то имрӯз зиёда аз 130 нафар занону духтарон дар ин машғулиятҳо такмили ихтисос намуданд.
       Мақсад аз ташкил ва баргузории чунин курсҳо, ин пеш аз ҳама, ҷалби духтарони лаёқатманд ба соҳаи хизмати давлатӣ ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии онҳо, ҷалби бештари духтарон ба таҳсил, таъмини ҳуқуқи баробари мард ва зан ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда  аст.
       Дар машғулияти нахустин Шуҷоат Ҳасанова, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, сиёсатмадори варзида, ки дар ҳамаи зинаҳои роҳбарӣ фаъолияти босамар дошт, зикр намуданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои беҳбудии вазъи занон дар ҷомеа тадбирҳои судманд амалӣ намояд. Таҳия ва қабул гардидани як қатор барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти беҳдошти вазъи занон барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зуроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намуданд. Аз ин ҷост, ки бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2016, № 496 Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» қабул гардид, ки барои баланд бардоштани обрӯву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда замина гузошт.
        Мавриди қайд аст, ки ба курси мазкур 20 нафар донишҷӯдухтарони фаъоли макотиби олии ҳудуди вилояти Суғд ҷалб гардида, он ҳафтае 2 маротиба гузаронида мешавад.

Поделиться в