Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Волоияти қонун

09 ноябри 2020, душанбе

        Дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ бо омӯзгорону донишҷӯдухтарон вохӯрии судманд баргузор гардид.
       Дар вохӯрӣ ҳамзамон, масъалаҳои масъулияти волидайн дар таълим ва тарбияи дурусти фарзандон, пойдории муносибатҳои оилавӣ ва нақши зан – модар дар ташаккули оила ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар байни занону духтарон, бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзандон, шомилшавии як қатор шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва барҳам додани ҷиноят дар байни бонувон аз ҷониби мутахассисони кор бо занон ва оила ва комиссияи хуқуқи кӯдак муҳокима гардиданд.
       Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби масъулони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, гузаронидани чунин вохӯриҳои судманд ҷараён доранд.

Поделиться в