Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Менеҷменти нави давлатӣ

09 ноябри 2020, душанбе

       Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо мақсади иҷрои банди 4.4.3-и Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили ихтисоси занону бонувони аз захираи кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Менеҷменти нави давлатӣ» бо истифода аз технологияҳои нав ва усулҳои интерактивии омӯзиш курси омӯзишӣ баргузор намуд. Маврид ба зикр аст, ки барномаи омӯзишӣ то санаи 14 ноябри соли 2020 идома меёбад.

Поделиться в