Таъмини имкониятҳои занон баҳри рушди соҳибкорӣ ва пешбурди сиёсати гендерӣ
10 ноябри соли 2020 бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Хуршед» дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи соҳибкорон ва ҷиҳати иҷрои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020 конференсия зери унвони “Таъмини имкониятҳои занон баҳри рушди соҳибкорӣ ва пешбурди сиёсати гендерӣ” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Шӯрои занони соҳибкори назди Кумита ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид.
Дар конференсия дар мавзӯъҳои “Пешбурди сиёсати гендерӣ ва дастгирии занон дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ”, “Грантҳои Президентӣ–омили муҳими рушди соҳибкории занон”, “Омори гендерӣ–рушди соҳибкории занон”, “Тартиби ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ”, “Нақши занон дар рушди сайёҳӣ”, “Нақши лоиҳаҳо дар самти баланд бардоштани савияи донишҳои соҳибкорӣ ва идоракунии лоиҳаҳо” маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.
Инчунин, намоиши маҳсулоти дастии занон, мастер–классҳои ҳунармандӣ бо иштироки ҳунармандону шогирдон ва филми “Кӯли кабуд” мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин манзур гардид.