Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Президент – кафили сулҳу Ваҳдат

11 ноябри 2020, чоршанбе

      Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар  толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони ноҳия конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони  “Президент – кафили сулҳу Ваҳдат”  баргузор гардид.
      Муовини Раиси ноҳия Лутфия Шарофзода оид ба дастовардҳо ва хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият суханронӣ намуда, Ҳасанзода Шаҳло, мудири бахши кор бо занон ва оила дар бораи дастгириҳои давлату ҳукумат оид ба беҳдошти  вазъи занон ҳарф зад.

Поделиться в