Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Натиҷагирии фаъолияти шабакаҳои ҷамъиятии ҳимояи ҳуқуқи инсон

12 ноябри 2020, панҷшанбе

        «Ҳуқуқ ба сатҳи баландтарини солимии ба дастомада: имкониятҳо барои муттаҳидшавӣ» чунин ном дошт тренинги омӯзишӣ-таҳлилии аъзоёни шабакаҳои ҷамъиятии Лигаи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, ки бо ибтикори Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 12.11.2020 дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
        Дар тренинги мазкур мавзӯъҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар барқарор намудани саломатӣ ва натиҷаҳои бадастомада дар ин самт, ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар самти ҳифзи саломатӣ: баррасии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди баррасии муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҳимояи ҳуқуқи беморон, тавсияҳои СММ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба сатҳи баландтарини солимии ҷисмонӣ ва равонӣ, таъсиси шабакаҳо: равишҳои умумӣ, намудҳо, имкониятҳо ва мушкилоти онҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва солимии онҳо ва ба монанди инҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштиродорон нуқтаи назари худро вобаста ба мавзӯъҳо иброз намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.
         Муҳокимаи Стратегия ва принсипҳои фаъолияти шабакаҳо ва ҳамзамон, таҳияи нақшаи корӣ барои 1 сол ҷиҳати ташкили фаъолияти минбаъдаи пурсамару муназзами шабакаҳо дар анҷоми чорабинӣ ба роҳ монда шуд.

Поделиться в