Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Муколамаи маҷозии ҳуқуқи инсон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

12 ноябри 2020, панҷшанбе

 

     11 ноябри соли 2020 даври дувоздаҳуми Муколамаи маҷозии ҳуқуқи инсон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро сардори Шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказии Хадамоти аврупоии корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо Борис Ярошевич роҳбарӣ намуданд.
      Дар муколама мавзӯъҳо атрофи вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд ва дар баробари дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор намояндаи Кумита атрофи масоили ҳуқуқи занон ва зӯроварӣ нисбати занон дар Тоҷикистон суханронӣ намуд.

 

Поделиться в