Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Бардошти самараи нек аз сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 ноябри 2020, ҷумъа

        Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бахшида ба «Рӯзи Президент» таҳти унвони «Самараи неки сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» санаи 12.11.2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҳамоиши бонувони Бадахшон доир гардид. Дар чорабинии мазкур собиқадорон, бонувони ҳифзи ҳуқуқ, маорифчиён, кормандони ҳифзулсиҳат ва ҷавондухтарон, умуман зиёда аз 100 нафар фаъолони вилоят ширкат варзиданд. Ҳамоиш таҳти Раёсати муовини Раиси вилоят Амирбекзода Назира баргузор гардид.

 

Поделиться в