Президент — кафили зиндагии шоиста
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ, тантанаи волоияти қонун ва маҳбубияти хосаи халқ нисбати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сулҳофару ваҳдатофар ва кафили зиндагии шоистаи мардум аст.
Ин нуқтаҳо дар суханрониҳои иштирокдорони чорабинии сиёсӣ бахшида ба бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Президент-кафили зиндагии шоиста», ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, баён гардиданд.
Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон иброз намуд, ки миллати тоҷик дар даврони истиқлол ба шарофати эҳтиром ва амалишавии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат тавонист ҷомеае бунёд намояд, ки дар он фазои озоду осоиштагӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст. Тамоми корҳое, ки дар партави ҳидоятҳои ғамхоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон, махсусан, занону бонувон, мустаҳкам намудани ваҳдату истиқлоли миллии тамоми сокинони Тоҷикистон равона гардидаанд.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадӣ Сафолзода зикр намуд, ки 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Сарвари давлат ба фаъолият шурӯъ намуда, барои мардум сулҳ оварданд. Маҳз ин марди худодод тавонист табассуми гумшударо ба лабони пиру барно дубора баргардонад. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бағоят бузург аст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода дар мавзӯи «Нақши сиёсии Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон», муовини Раиси шаҳри Душанбе, номзади илмҳои таърих Мавсума Муинӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон- Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат», муовини Раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар мавзӯи «Нақши Ҷаноби олӣ дар таҳким ва тақвият бахшидан ба Ваҳдати миллӣ» ва роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули ҷомеаи муосири Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар кори конференсия роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, собиқадорони меҳнат, фаъолзанони қишрҳои мухталифи ҷомеа, инчунин устодону донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумита низ иштирок намуда, аз толори намоишгоҳи «Тӯҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуданд.