Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Менеҷменти нави давлатӣ

14 ноябри 2020, шанбе

      Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо мақсади иҷрои банди 4.4.3-и Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили ихтисоси занону бонувони аз захираи кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Менеҷменти нави давлатӣ» бо истифода аз технологияҳои нав ва усулҳои интерактивии омӯзиш курси омӯзишӣ баргузор намуд. Барномаи омӯзишӣ санаи 14 ноябри соли 2020 бо иштироки роҳбарияти Кумита ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуда,  шунавандагони курс пас аз супоридани имтиҳони санҷишӣ соҳиби Гувоҳнома гардиданд.

Поделиться в