Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мактаби сарварии занони муваффақ

14 ноябри 2020, шанбе

        Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, дар заминаи татбиқи амали “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022” машғулиятҳои 6 моҳаи Мактаби духтарони сарвар бо ҷалби донишҷӯдухтарони фаъолу аълохони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар гузаронида шуда истодаанд.
         Машғулияти навбатии Мактаби духтарони сарвар дар мавзӯи “Мактаби сарварии занони муваффақ” аз ҷониби сиёсатмадори варзида, доктори илмҳои филологӣ, профессор Марҳабо Ҷабборӣ гузаронида шуд.

Поделиться в