Рӯзи Президент-заминаи пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа
Сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол дорои хусусияти хоси худ буда, мазмуни асосии он дар баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ, рамзу анъанаҳои миллӣ таҷассум ва заминаи муҳим барои дарки худшиносӣ, комёб гардидан ба пешрафту дастовардҳои кишвар мебошад.
Аз ин рӯ, «Рӯзи Президент», ки ҳамасола 16 ноябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, иқдоми некест, ки барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор ва қадршиносӣ аз заҳматҳои Президенти кишвар ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи устувор мегузорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ эътироф гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони фахрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат - ин нишонаи муттаҳидӣ ва якпорчагии миллату давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки шуҷоатманд ва иродаи қавӣ дошта, ҳамаи тавоноиҳои худро ба сурати комил ба миллат бахшида, сабру мулоҳиза ва бурдбориро пешаи кори хеш медонад.
Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии кишвар, пойдории сулҳу салоҳ, таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонист ба эътирофи бузурги умумимиллӣ мушарраф гардад.
Интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулҳу амниятро пойдор карда тавонист. Ҳамзамон, ин дарки масъулиятнокӣ ва амали худташаккулдиҳии шахсиятест, ки худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ташкили ҳувияти миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшидааст.
Президенти кишвар танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшид. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашта, аз ҷониби Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо Президенти мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри ХХI» гардидааст.
Шояд сирри нуҳуфтаи кордонӣ, шуҷоатмандӣ ва маҳбуби халқ гардидани ин марди дунёи сиёсат дар ҳамин фазилатҳо бошад, ки маҳбуби миллати инсонпарвари худ гардида, ҷаҳон Ӯрову Тоҷикистонро шинохт. Бояд гуфт, ки чунин инсонҳои шарифу шуҷоъ ҳамеша дар вазъиятҳои гуногун сарнавишти халқу миллати худро ба хубӣ дарк ва муайян намуда, ному пайкори неки худро дар зеҳн ва тафаккури хурду бузруги аҳолӣ абадан ҷойгузин мекунанд.
Ба шарофати эҳтиром ва амалишавии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист ҷомеае бунёд намояд, ки дар он фазои озоду осоиштагӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Тамоми корҳое, ки дар партави ҳидоятҳои ғамхоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон, махсусан, занону бонувон, мустаҳкам намудани ваҳдату истиқлоли миллии тамоми сокинони Тоҷикистон равона гардидаанд.
Дар масири гуфтаҳои боло қайд кардан зарур аст, ки бо дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар ва пойдории ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ ба хотири таҳкими пояҳои ахлоқию маънавии оила ва мақому манзалати зан дар ҷомеа соли 1992 бо Қарори Шӯрои Девони вазирони ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оила таъсис дода шуда, ба шинохти қудрати фитрӣ ва чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат карда шуд. Тайи солҳои Истиқлолият таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, ки ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1998, таҳти № 363 «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998-2005» тасдиқ гардида, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 декабри соли 1999, №5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тасвиб расид, ки боиси беҳтар гардидани мақому манзалати зан дар ҳаёти ҷомеа гардид. Мавриди тазаккур аст, ки дар заминаи Фармони мазкур як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки ҷиҳати баробарии воқеии занону мардон дар ҷомеаи имрӯза мусоидат намуда истодаанд.
Ҳадафи асосии таваҷҷуҳи Роҳбарияти сиёсии кишвар ба таҳкими мавқеи иҷтимоии занон фаъолгардонии қишрест, ки ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гашта, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ сарбаландона иҷро менамоянд.
Ба ҳайси вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани 25,8%-и занон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23,8 фоиз, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон 34,8 фоиз, Суғд 33,3 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 34,4 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ теъдоди занон ба 29,4 фоиз расид, ки шаҳодати гуфтаҳои болоянд.
Бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занон ба раванди қабули қарор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» ва Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» қабул карда шуда, тавассути амалӣ гардидани он теъдоди занон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва сатҳи роҳбарикунанда, дар зинаҳои мухталифи ҳокимият –мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, судҳо, бонкҳо ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст.
Дар доираи дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Барномаи давлатӣ дар давраи 9 моҳи соли 2020 1 нафар зан ба мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар ба мансаби вазир ва 1 нафар ба вазифаи Раиси ноҳияи Мурғоб таъин гардида, дар соҳаи хизмати давлатӣ аз шумораи умумии 18678 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда 4365 (23,4%) нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (23,6%) 73 нафар кам аст. Аз шумораи умумии 5687 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1088 (19,1%) нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (18,7%) 35 нафар зиёд аст.
Дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 527 (17,2%) нафар, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 314 (21,5%) нафар ва дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 247 нафар ё худ 21,0%- ро занони роҳбар ташкил медиҳанд.
Дар соҳаҳои маориф 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз, дар соҳаи бонкдорӣ 36 фоиз, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 21,4 фоиз, соҳибкорзанон 23,1 фоизро ташкил дода, дар рушди иқтисоди кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд.
Албатта, нерӯи зеҳнии ин қишри ҷомеа барои пешрафти кишвар аҳамияти муҳим дошта, татбиқи тадбирҳое, ки аз ҷониби давлату ҳукумат пешбинӣ гардидаанд, ба тақвияти донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи кории занону духтарони лаёқатманд равона карда шудааст.
Муждаи аввалини самараи Истиқлолият барои бонувон - ин иштироки бори аввали тоҷикзанон дар кори Конференсияи чоруми умумиҷаҳонии занон буд, ки соли 1995 дар шаҳри Пекин доир гардид.
Дар ин давра кишвари мо як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Эъломияи ҳуқуқи башар, Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, Конвенсияҳои СММ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон» ва Протоколи иловагии он, «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак», Қатъномаҳои Шӯрои бехатарии СММ оид ба ҳуқукҳои занон ва ғайраро ба тасвиб расонд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар ин давра дар самти татбиқи нишондодҳои ин ҳуҷҷатҳои муҳим ба дастовардҳои назаррас дар самти таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар кишвар ноил шавад. Самараи Истиқлолият ва талошҳову дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз зани тоҷик аз минбарҳои баланди созмону мақомоти гуногуни кишвар ва байналмиллал садо баланд карда, аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ ва аз музаффариятҳои худ ифтихор менамояд. Саъю талошҳои Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви Комиссияи СММ оид ба мақоми зан пазируфта шуд, ки ин омили эътироф намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, боз як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи сиёсати гендерии давлат мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти занони деҳот, рушди соҳибкории онҳо аҳамияти махсус равона намуда, баҳри такмили қонунгузории соҳа ва рушди соҳибкории хурду миёнаи занон шароити мусоид фароҳам овард. Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории занон ва рушди ин соҳа бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намуди имтиёзҳои иқтисодӣ мавриди амал қарор дода шуда, аз соли 2006 то соли 2014 40 адад лоиҳаҳои занону бонувони ҳунарманд ва соҳибкори кишвар тавассути гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, аз соли 2014 то инҷониб миқдори грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо аз 1 млн. сомонӣ ба 2 млн. сомонӣ боло бурда шуд. Ин дастгирӣ имкон дод, ки занону духтарони деҳот дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, эҳёи ҳунарҳои миллию мардумӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, такмили ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, намадресӣ, парвариши чорво, парранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар намуди ҳунармандӣ фаъолияти худро бомуваффақият ба роҳ монанд.
Таъсиси квотаи Президентӣ барои таҳсили духтарони ноҳияҳои дурдаст, ғамхорӣ нисбати солимии модару кӯдак аз чораҳое гаштанд, ки барои беҳгардонии вазъи занон такони ҷиддӣ бахшанд.
Моҳияти ба таҳсил фаро гирифта шудани духтарон ва соҳибмаърифат гардидани онҳо рӯз то рӯз дар кишвар, махсусан дар минтақаҳои кӯҳсори кишвар мустаҳкам шуда истодааст. Таъкидҳои пай дар пайи Сарвари давлат зимни сафарҳои кориашон ба минтақаҳои гуногуни мамлакат заминаи асосии таваҷҷӯҳ пайдо намудани духтарон ва падару модарони онҳо ба таҳсил аст.
Татбиқи квотаи Президентӣ барои духтарон дар афзоиши шумораи мутахассисони соҳибтаҷрибаву маълумоти олидор аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва пешрафти онҳо заминаи воқеӣ гузошт. Айни ҳол 3 751 нафар донишҷӯён аз ҳисоби духтарон тибқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои олии касбӣ таҳсил намуда, баъди хатм ҳамчун мутахассисони соҳибихтисос дар рушди иқтисоди миллии кишвар саҳмгузор хоҳанд буд.
Бо мақсади дастгирии духтарон ва таъмини онҳо бо ҷойи зист дар шаҳри Душанбе бо дастури Пешвои миллат хобгоҳи «Сарвар» барои донишҷӯдухтарони тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда ва ҷиҳати дастгирии ятимдухтарон ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои олии касбӣ соли 2006 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки айни замон дар он 83 нафар духтарони ятим, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ зиндагӣ ва таҳсил доранд.
Имрӯз аз шоҳкориҳои Президенти кишвар, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф мезанем, ки ин ҳама дастовардҳову пешравиҳо аз самараи озодӣ ва истиқлолияти сиёсӣ, таваҷҷӯҳу ғамхориҳо ва дастгириҳои бемайлони роҳбарияти олии мамлакат ба даст омадаанд.
Бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу ороми кишвар, аз сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдилӣ таҳти сарварии фарзанди хирадманду оқил, инсонпарвару дурандеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаву тадбирҳои зиёде ба хотири рушди босуръати иқтисоди миллии Тоҷикистони биҳиштосо ва таъмини зиндагии шоистаи мардум миллату давлати тоҷикро дар пешанд. Ва амалӣ гардидани ин нақшаҳо тақозо менамоянд, ки пеш аз ҳама худи занону бонувон дар раванди татбиқи онҳо фаъол бошанд. Барои ин зарур аст, ки пайваста донишу малакаи худро такмил диҳем, худро ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам маънавӣ обутоб диҳем, шахсияти худро танҳо бо меҳнати ҳалолу ҷаҳду талоши ватандорию ватансозӣ муаррифӣ намоем. Бо меҳнати фидокорона ба Ватани маҳбубамон бо худшиносии баланди миллӣ ва зиракии сиёсии ҳамешагӣ, самимияту эҳтироми хоса хизмат намоем. Пеш аз ҳама, мақсад гузошта тавонему баҳри ноил гардидан ба амалишавии нақшаву маромҳо кӯшиш намоем.
Беҳуда нагуфтаанд, ки қутбнамои беҳтарин дар ҳаёт ин мақсад аст ва дар ин масир беҳтарин мақсад – дар сафи пеши ободгарони Ватан будан аст.
Ба хотири ин рӯзи файзбору саодатманд Шумо ва дар шахсияти Шумо кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар фарди кишвар сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракат таманно менамоям.
Бигузор, Рӯзи Президент муайянкунандаи самти роҳи созандаю бунёдкоронаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон дар фазои осудаи мамлакат, сулҳу субот ва Истиқлолияти Ватан Рӯзи тақдирсози шаҳрвандони кишвар бошад.
Ҷашни Рӯзи Президент ба мардуми сарбаланду хушиқболи тоҷик муборак бошад!