ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор намуд. Дар ҷамъомади мазкур роҳбарияту кормандони кумитаҳо иштирок дошта, Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад, сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимова М.А. суханронӣ намуданд. Дар идомаи ҷаласа иштирокчиёни чорабинӣ таҷлили Рӯзи Президентро ҳамчун нишони қадрдонӣ аз хидматҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар самти таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.