Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гулдӯзии тоҷикӣ - нодираи тамаддуни ҷаҳонӣ

16 ноябри 2020, душанбе

      Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Гулдӯзии тоҷикӣ - нодираи тамаддуни ҷаҳонӣ” намоиши ҷашнӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамчунин, тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии “Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуданд.
     Дар намоиши мазкур аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои мардумии тоҷикон, аз ҷумла, сузанӣ, деворӣ, зардевор, миёнбанд, болинпӯш, оинахалта, борпӯш, ҷойнамоз, рӯймол ва рӯйҷо бо нақшу нигори мухталиф, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъоварӣ шудаанд, пешкаши ҳамагон гаштанд.
     Сӯзаниҳои ҳар як минтақаи тоҷикнишини Осиёи Миёна дорои хусусияти хос буда, аз ҳунари баланди ин навъи гулдӯзӣ дарак медиҳанд ва далели рушди ин ҳунар офаридаҳои ҳунармандони шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Қаратоғ, Конибодом, Кӯлоб, Панҷакент, Самарқанд, Бухоро, Шаҳритус, Бадахшон, Рашт, Ҳисор мебошанд, ки намунаҳои онҳо дар намоиш пешниҳоди тамошобинон гаштаанд.


Поделиться в