Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Президенти ман - ифтихори ман

17 ноябри 2020, сешанбе

     Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Пулотон, Литсейи касбии саноати дузандагӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳр конфронс таҳти унвони "Президенти ман - ифтихори ман" баргузор гардид. Масъулони шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ баромади пурмӯҳтаво намуда, аз ҷониби иштирокдорон мубодилаҳои афкори илмӣ вобаста ба мавзӯъ сурат гирифтанд.

Поделиться в