Ҳамкориҳои байнисоҳавӣ
2 сентябри соли 2019 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Нуфуси аҳолии СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳамкориҳои байнисоҳавӣ” ҷиҳати амалигардонии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023, Ҳадафҳои рушди устувор-5 дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” бо иштироки намояндагони Вазоратҳои адлия, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Суди олӣ ва кумитаҳои кор бо занон ва оила , ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои дин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳукумати шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ мизи мудаввар баргузор намуд.
Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорату идораҳои дахлдор оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, ҲРУ-5 фаъолияташонро муаррифӣ намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ пешниҳоди вазорату идораҳо ҷиҳати ҳамкорӣ, дастгирӣ ва беҳтар гардонидани хизматрасонии байнисоҳавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, иҷрои нақшаҳои барномаҳо, ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба ҷониби Хазинаи Нуфуси аҳолии СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон барои солҳои оянда манзур гардид.