Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштаи мавқеи зан дар ҷомеа
Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ зери унвони "Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштаи мавқеи зан дар ҷомеа" бо иштироки омӯзгорон, занони собиқадор ва донишҷӯён мизи мудаввар баргузор гардид. Масъулони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нишони қадрдонӣ аз хидматҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар самти таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуда, оид ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, дастгириҳои пайвастаи занону бонувон сухан намуданд.