Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯриҳои судманд

18 ноябри 2020, чоршанбе

       Дар идомаи суҳбату вохӯриҳо ва мулоқотҳои судманди роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ гардида истодаанд, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ муовини Раиси Кумита Абдуллозода У.Б. бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳо, муовинони раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, фаъолзанон, раисони маҳаллаҳо вохӯрӣ баргузор намуд.
       Дар доираи чорабиниҳои болозикр вобаста ба баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғону наврасон, занону бонувон, даст задани занону духтарон ба худкушӣ ва ба куштор овардани фарзандон, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, шабгардиҳои беасоси духтарон, вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии тарғиби фарҳанги ба мо бегона ва амсоли инҳо муовини Раиси Кумита Абдулмаинзода З.Қ. бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Шоҳмансур мулоқоти судманд анҷом дод.

Поделиться в