Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тадбирҳо баҳри пешгирии зӯроварии хонаводагӣ

18 ноябри 2020, чоршанбе

        Дар доираи маъракаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» барои раисони Шӯрои занон ва кумитаи маҳаллаҳо дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» тренинги омӯзишӣ баргузор намуд.
      Дар тренинги омӯзишӣ намояндаи Ташкилоти Ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» Болтабоева Муяссара ва мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Умарова Гулҷахон оид ба рафти амалишавии Барномаи давлатӣ   оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 суханронӣ намуданд.
      Дар омӯзиши мазкур ҳамчунин, раисони Шӯрои занон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Поделиться в