Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Зиҳӣ, эй Пешво

16 ноябри 2020, душанбе

 Зиҳӣ, эй Пешво, эй ориёнфар,
Сафо додӣ ҷаҳони мо саросар.
Набинед ҳеҷ гоҳе дарду ҳасрат,
Ҳамеша бош пирӯзу музаффар. 

Гулафшон шуд зи ту зебо диёрам,
Шукуфон шуд зи ту боғу баҳорам.
Бифахрам ман зи номи ту ҳамеша,
Зиҳӣ,  бо миллати овозадорам. 

Чароғон гашт бо ту Тоҷикистон,
Дурахшон гашт бо ту роҳи моён.
Чу гаштӣ  раҳнамои халқи тоҷик,
Расем бо ту ба фардои гулафшон. 

Зи ту ёфтем мо бахту саодат,
Зи ту омӯхтем дарси садоқат.
Дуо хонам барои ту чу модар,
Ҳамеша бош пирӯзу саломат!

Азимова Маҳбуба Абдураҳмоновна,
Сардори шуъбаи ташкилии Кумита

Поделиться в