Аёдати оилаҳои ниёзманд
Дар партави ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод оилаҳои ниёзманд ва пиронсолони танҳою барҷомондаро аёдат намуда, дар атрофи ғамхориҳои беназиру инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, дастгириҳои пайдарпайи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод.
Ҳамзамон, мудири бахш аз ҳолу аҳволи зани танҳо Фақирова Раъно хабар гирифта, иброз намуд, ки ҳукумати мамлакат пуштибони ҳар як аъзои оила ва ҷомеа мебошад.
Дар мавриди аёдати оилаҳо ва шахсони ниёзманд маводҳои хӯрока, аз қабили орду равған, биринҷ, макарону шакар ва картошкаю пиёз кӯмак расонида шуд.