Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории вохӯриҳои судманд дар Суғд

20 ноябри 2020, ҷумъа

        Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати пешгирӣ намудани нуфузи хурофотпарастӣ, радикализми динӣ, таъсири равияҳои террористиву экстремистӣ тарбияи наврасону ҷавонон  дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзу гиромӣ доштани истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бо қишри гуногуни ҷомеа бахусус, ҷавонон вохӯриҳои судманд баргузор намуд.
       Вохӯриҳо дар ҳамкорӣ бо Маркази солимии репродуктивии вилоят дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ–металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи иҷтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Филиали исфарагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, коллеҷҳои тиббии ба номи Исҳоқӣ, омӯзгории шаҳри Хуҷанд, тиббии шаҳри Исфара, омӯзгорӣ, технологӣ ва тиббии шаҳри Конибодом, тиббӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо иштироки омӯзгорон ва  донишҷӯён доир карда шуданд.
       Ҳамчунин, аз ҷониби занони фаъоли барӯманд аз рӯйи усули корбарии “Хона ба хона” дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Шаҳристон, ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, аз ҷумла дар маҳаллаҳои Тиллокон, Суғдиён, Мевағул, Масҷиди Савр, Раззоқ, Темурмалик ва ҳудуди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бозорҳои Дӯстӣ ва Бадахшони ноҳияи Зафаробод суҳбату вохӯриҳо ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуданд.


Поделиться в