Вохӯриҳои судманд
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ муовини Раиси Кумита Абдуллозода У.Б. бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳо, муовинони раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, фаъолзанон, раисони маҳаллаҳо вохӯрӣ баргузор намуд.
Ҳамзамон, вобаста ба баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғону наврасон, занону бонувон, даст задани занону духтарон ба худкушӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, шабгардиҳои беасоси духтарон, вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии тарғиби фарҳанги ба мо бегона ва амсоли инҳо бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Сино суҳбатҳо анҷом дода шуд.