Мизи мудаввар
Дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 28-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Наќши Истиқлолияти давлатӣ дар баланд бардоштани мавқеи занон» баргузор гардид. Чорабинии мазкурро муовини аввали раиси Кумита Марҳабо Олимӣ ифтитоҳ намуда, дар хусуси дастовардҳои соҳибистиқлолии давлат суханронӣ намуданд. Дар мизи мудаввар намояндагон аз вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби маърўзачиҳо дар мавзўҳои «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар баланд бардоштани мавқеи занон», «Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ «Мавқеи занон дар соҳаи маориф дар даврони Истиқлолияти давлатӣ», “Истиқлолият ва мавқеи ҷавонон дар Тоҷикистон” “Саҳми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлати занон” ва “Милитсияи тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” ибрози суханронӣ намуданд. Дар охир саволу ҷавоб ва мубодили афкор байни иштирокчиёни чорабинӣ ба миён оварда шуд.