Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!

23 ноябри 2020, душанбе

        Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолзанони ноҳия конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон” баргузор намуд.
       Ҳасанзода Шаҳло мудири бахш ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, кулли ҳозиринро ба муносибати ин иди миллии таърихӣ табрик ва муборакбод намуда, изҳор дошт, ки Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз идҳои расмии Тоҷикистон буда, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон қабул гардид ва ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро мебояд нисбати муқаддасоти миллӣ эҳтиром гузорад ва ифтихор аз он намояд.
       Муовини Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода оид ба дастовардҳо ва хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият суханронӣ намуда, қайд дошт, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолро бе рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Парчами миллӣ ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст ва рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Поделиться в