Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

24 ноябри 2020, сешанбе

       Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи далатии Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки тарбиягирандагони Марказ баргузор гардид.
        Абдулмаинзода Зарина Қадамшо муовини Раиси Кумита оид ба дастовардҳо ва хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми некест барои арҷгузорӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони азиз, далелу пойдории сулҳу субот, соҳибихтиёрӣ ва пешрафту шукфоии давлату миллат мебошад.
      Ҳамзамон, дар чорабини сиёсӣ – фарҳангӣ тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” ба ифтихори ҷашни Парчами давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон шеъру суруд қироат намуда, бо маърӯзаҳои пурмазмун баромад карданд.

Поделиться в