Парчами давлатӣ ифтихори мост
Бахшида ба бузургдошти Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.
Кори мизгирдро Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо сухани табрикӣ ифтитоҳ бахшида, арз намуданд, ки Парчами Тоҷикистон - ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кадамҳои нахустин гузошта шудаанд, қабул ва расман тасдиқ гардидаст.
Ҳамзамон, қайд намуданд, ки нангу номуси ватандорӣ барои ҳар як инсони ватандӯст, ифтихору ғурури баланди миллӣ дошта, волотар аз ҳама гуна сарватҳои моддӣ мебошад. Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик Парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ аст.
Намояндагони мизи мудаввар нуқтаи назари худро аз боби Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеаи имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик иброз намуданд.