Семинар – тренинг оид ба масъалаи барҳам додани табъиз нисбати занон
25 ноябри соли 2020 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» семинар–тренинги омӯзишӣ дар доираи амалисозии “Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022” ва оғози “16 рӯзи фаъол алайҳи зӯроварӣ нисбати занон” бо иштироки намояндагони мақомоти судӣ ва прокуратура баргузор намуд. Мақсади баргузории семинар–тренинг баланд бардоштани ҳассосияти гендерии хизматчиёни давлатӣ, баррасии масъалаҳои ҳуқуқи занон, роҳҳои ошкор ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии ақдҳои никоҳи бармаҳалу маҷбурӣ ва ҷалби занон дар пешбурди фаъолияти мақомоти судӣ ва прокуратура буд.
Дар рафти тренинг маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои “Татбиқи сиёсати гендерӣ, амалисозии ҲРУ-5, Мониторинги Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”, “Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои оилавӣ, тартиби бастани ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, уҳдадориҳои молумулкии зану шавҳар” бо намоиши рӯнамо ва наворҳои видеоӣ пешниҳод гардиданд.