Оғози маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат»
Санаи 25 ноябри соли равон дар асоси нақшаи чорабинии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзеи Регистони бозори панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи маъракаи иттилотии «16 рӯз мубориза алайҳи хушунат» оғоз карда шуд.
Дар ин рӯз аз ҷониби Раёсат ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳри Хуҷанд, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази солимии-репродуктивии вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Сарчашма» аксия гузаронида шуд.
Дар аксия маводи тарғиботию ташвиқотӣ, варақаҳои иттилоотӣ ба шаҳрвандон тақсим карда шуд.
Ҳамзамон, дар автобусҳо шиору овезаҳо оид ба пешгирии хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ дар оила насб карда шуданд. Баргузории чоабиниҳо аз рӯи нақша дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо идома дорад.