Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Тадбирҳо ҷиҳати пешгирии хушунати хонаводагӣ

27 ноябри 2020, ҷумъа

         Дар доираи маъракаи 16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ нисбати занону духтарон санаи 26 ноябри соли равон тибқи дастури Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” PDV дар мавзӯи “Муттаҳид намудани кӯшишҳои якҷоя оид ба дастгирии иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.
         Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур таҳлили фаъолияти ҳамкориҳои байниидоравӣ дар татбиқи қонунгузорӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон ва баррасии нақшаҳои ҳамкорӣ барои соли 2021 буд.

 

 

Поделиться в