Баррасии масъалаҳои ҳалталаби занони мубталои ВНМО
27 ноябри соли 2020 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” дар доираи “16 рӯзи фаъол алайҳи зӯроварӣ нисбати занон” мизи мудаввар бо иштироки намояндагони марказҳои ёрирасон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор намуд.
Дар чорабинӣ атрофи мавзӯъҳои таҳаммулпазирӣ дар ҳолати муроҷиати занони бо ВНМО зиндагикунанда, вазъи эпидемиологӣ, мушкилоти ҳуқуқии занон ва тасвири равонии занони гирифтори ВНМО ба хусус дар давраи Ковид–19 муҳокима сурат гирифт.