Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Модари тоҷик оромиро мехоҳад

27 майи 2019, душанбе

Модар ин сар то по ақлу дониш, хушӣ ва ормон баҳри фарзанд мебошад. Модар ин чароѓафрўзи роҳи фарзандон, муршиди роҳи рост баҳри оламиён аст. Агар ҳамаи зиёиён сарчашмаи ҳаёт обро донанд, ба ақидаи ман сарчашмаи ҳаёт маҳз модар ба ҳисоб меравад. ҳатто калимаи «Модар» муқаддас аст ва ҳар як фард баробари шуниданаш гармӣ, муҳаббат, амни ва кайфияти ноиброз доштанашро дарк мекунад. Ва ин калима ҳар ҳарфаш ба худ маънои хосро дорост

Баҳри мисол:

М-меҳр,

О-одоб

Д-дунё

А-ақл

Р-раҳнамо

Модар бузургу бахшоянда буда, эҳсоси қалбаш ҳамеша ҳушёр аст, зеро чи балое, ки сари фарзанд меояд дили модар огоҳ мешавад ва паррандаи хаёлаш парешон ба сўйи фарзанд парвоз мекунад.

Вақте тифл меафтаду ягон ҷояш зарб мехўрад, аввалин гапе, ки аз забонаш берун мешавад “Вой Очачон” аст,бузургии модар аз ҳамин ҷо маълум мешавад.

 

 

Поделиться в