Вохӯрӣ ва санҷишҳои мақсаднок
Бо мақсади доир намудани суҳбату вохӯриҳо ва мулоқотҳои судманд, баррасии фаъолияти соҳибкории занону бонувон гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Абдулмаинзода Заррина Қадамшо бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад. Нахуствохӯрӣ ва санҷиши гурӯҳи корӣ аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардида, рӯзи дуввум бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳо, муовинони раисони ҷамоатҳо, фаъолзанон, раисони маҳаллаҳои ноҳияи Ванҷ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи мубрами ҷомеа, аз қабили пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, шабгардиҳои беасоси духтарон, вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғону наврасон, занону бонувон, истифодаи самараноки нерӯи барқ, омодагӣ ба фасли зимистон ва амсоли инҳо изҳори нигаронӣ карда шуда, бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб аз ҷониби иштирокдорон пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
Пас аз анҷоми суҳбат – вохӯрӣ гурӯҳи кории Кумита аз фаъолияти соҳибкории гирандагони гранти Президентӣ дар соли 2019 дар ноҳияи Ванҷро мавриди санҷиш қарор дод. Сафари кории гурӯҳи кории Кумита дар дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ идома дорад.