Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи арзишҳои оиладорӣ

30 ноябри 2020, душанбе

        Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди тадбирҳои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, сил, COVID-19, ҳолатҳои номатлуб, ҳамзамон, расонидани машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон вобаста ба солимии репродуктивӣ дар хобгоҳи  №7-и Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон бо  донишҷӯдухтароне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, суҳбат – вохӯрӣ баргузор гардид.
       Муовини якуми Раиси Кумита Ғаффорзода Нигорахон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат занону духтаронро, ҳифзи арзишҳои оиладорӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.  Ҳамзамон, намояндаи Кумита Муродова Дилбар бо духтарон вобаста ба фаъолияти ояндаи онҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ ва иштироки онҳо дар раванди қабули қарор, саҳми онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ ҳарф зада, оид ба масъалаи пешбурди тарзи ҳаёти солим суҳбати ошкоро намуд.
       Намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Фирӯза зимни суханронӣ оид ба даст задани занону ҷавондухтарон ба нашъамандю нашъаҷаллобӣ ва оқибатҳои ногувори он, пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ миёни занону духтарон ибрози ақида намуд. Баргузории чунин суҳбат –вохӯриҳо дар дигар хобгоҳҳои донишкадаю донишгоҳҳои олии кишвар идома дорад.

 

Поделиться в