Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон

30 ноябри 2020, душанбе

        Дар доираи ташаббусҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии табақаи ниёзманд ва осебпазири аҳолӣ махсусан, ятимону бепарасторон аз соли 2006 то инҷониб дар назди Кумита Муассисаи давлатии Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” барои донишҷӯдухтарони ятим ва нимятим аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки дар макотиби таҳсилоти олии кишвар таҳсил мекунанд, фаъолият дошта, айни замон 83 нафар ҷавондухтарони ятим ва нимятимро фаро гирифтааст. Маркази номбурда заминаҳои мусоиди таълиму тадрис ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои мухталифро доро буда, донишҷӯдухтарон таҳти роҳбарии омӯзгорони соҳибтаҷриба дар баробари забономӯзӣ маҳорату малакаи ҳунармандии худро сайқал медиҳанд. Роҳбарияти Кумита ва Марказ ҷаҳду талоши онро доранд, ки ҷавондухтаронро на фақат соҳибмаълумоту соҳибҳунар гардонанд, балки ба ҳаёти мустақилона қадам задани ҷавондухтарон ва дар барпо намудани оилаи солиму намунавӣ мусоидат намоянд.
     Дар партави ин гуфтаҳо санаи 29 ноябри соли 2020 тӯйи хонадоршавии тарбиятгирандаи Марказ Ҳақназарова Саидбӣ, донишҷӯи курси дуюми Донишкадаи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Мирзоев Рустам хатмкардаи Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, нимятими модари маъюбдошта, бо риояи муқарароти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” бо шукӯҳи ба худ хос баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки ҳаёти минбаъдаи оилавии тарбиятгирандагони Марказ зери назорати доимии роҳбарияти Кумита ва Марказ қарор дошта, дар мавридҳои зарурӣ оилаҳоро кӯмаку дастгирӣ менамоянд.

Поделиться в