Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯриҳо ба хотири таҳкими манзалати зан

01 декабри 2020, сешанбе

           Дар идомаи сафари кории гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Абдулмаинзода Заррина Қадамшо дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ вохӯрии навбатӣ бо занону бонувони шаҳри Хоруғ баргузор гардида, ҷиҳати мусоидат ба ҳалли масъалаҳои марбут ба танзими муносибатҳои оилавӣ, дарёфти ҷойҳои нави корӣ, дастрасии занон ба замин ва таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ дар ҳузури муовини Раиси шаҳри Хоруғ Мавлобахшзода Райҳонбегим қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, муовини Раиси Кумита бо кормандони шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ вобаста ба иҷрои қонун, фармон ва қарорхои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат ва Кумита суҳбати муфид доир намуда, супоришҳои мушаххас дод.
          Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ рафти фаъолияти  гирандаи гранти Президентӣ аз шаҳри Хоруғ, ки бо таъсиси корхонаи маҳсулотҳои нонӣ 3 нафар занони ҳунармандро бо ҷои кор таъмин намудааст, мавриди санҷиш қарор дод.



Поделиться в