Суҳбату вохӯриҳои судманд
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди тадбирҳои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ, сил, COVID-19, ҳолатҳои номатлуб, ҳамзамон, расонидани машварати тиббӣ ба ноболиғону ҷавонон вобаста ба солимии репродуктивӣ дар хобгоҳи №7-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ бо донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид.
Бо ҳамин мазмун дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ суҳбату вохӯриҳо ва Аксия дар мавзӯъҳои “Ҳаёт бидуни зуроварӣ” баргузор гардида, ба донишҷӯён буклету хабарномаҳо тақсим карда шуд.