Идомаи суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯён
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату кумитаҳои давлатӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии славянии Тоҷикистону Россия бо донишҷӯдухтароне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, суҳбат – вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи ташкилии Кумита Азимова М.А. аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат занону духтаронро, ҳифзи арзишҳои оиладорӣ ва раванди татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, намояндагон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Умеда, Маркази миллии солимии репродуктивии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шарипова Шаҳрбону, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинабекиён Сатрина иштирок намуда, бо духтарон вобаста ба фаъолияти ояндаи онҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ ва иштироки онҳо дар раванди қабули қарор, саҳми онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ, пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ миёни занону духтарон, масъалаи пешбурди тарзи ҳаёти солим суҳбати ошкоро намуданд.
Баргузории чунин суҳбат –вохӯриҳо дар дигар хобгоҳҳои донишкадаю донишгоҳҳои олии кишвар идома доранд.