Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи Ватан вазифаи ҷонии мост

03 декабри 2020, панҷшанбе

       Аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт санаи 2 декабри соли равон дар қисми низомии 02-011 бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Назарзода Ф.А., подполковник Гулнора С. ва муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт Идизода З.Ф. бо сарбозону афсарон, занону бонувон – ҳамшираҳои шафқати қисмҳои низомии ноҳияи Рашт суҳбату вохӯрӣ доир гардид. Муовини якуми Раиси ноҳия бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвари азизамон ҷавононро ба хизмати содиқонаи модар – Ватан ҳидоят намуд. Полковники Вазорати адлия Назарзода Ф.А. дар баромади худ қайд намуданд, ки Ватан ба ҳомиёни ҳақиқӣ, тануманду созанда ниёз дошта, ҳифзи марзу бум, таъмини осоиштаи халқ, сулҳу суботи кишварро ба зиммаи сарбозону афсарон вогузор намудааст. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки дар ин кори басо пурифтихор ва масъулиятнок бо дониши баланд, маърифати волои инсонӣ, маҳорату ҷасорат ва ҳувияти баланди миллӣ саҳми шоиста гузорем. Чунин вохӯриҳои мақсаднок дар дигар қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Рашт низ баргузор мегарданд.

Поделиться в